Конфренесияи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзўӣ «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти давлатӣ ва марказҳои таълимӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон».

E-mail Печать PDF

Санаи 23 октябри соли 2013 бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти давлатӣ ва марказҳои таълимӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон» баргузор гардид.

Дар кори Конфронс Раис ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ, Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Белоруссия дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони байналмилалии меҳнат, ташкилоти ЮСАИД, як қатор ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, инчунин намояндагони масъули мақомоти бар зидди хариду фурўши одамон муборизабаранда аз давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд.

Баргузории ин Конфронс ҳамчун идомаи мантиқии татбиқи амалии Барномаи маҷмўии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 ба шумор меравад.

Дар ҳошияи Конфронси мазкур таҷрибаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифта, ҳамзамон намояндагони давлатҳои иштирокчии Конфронс доир ба нозўкиҳои ин самти кор байни худ табодули таҷриба намуданд.

Қобили зикр аст, ки хариду фурўши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва  халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст.

Рўзмара ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурўши одамон гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

Маҷмўи чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси равшани худро пеш аз ҳама дар ҳамроҳ гардидан ва ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳои  асосии байналмилалию ҳуқуқие, ки ба мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, ёфтаанд.

Дар ҳамин маврид Тоҷикистон аввалин шуда дар миқёси Осиёи Марказӣ 15 июли соил 2004 санади меъёрии махсус, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон»-ро қабул намуда, ба ин васила заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва инфрасохтории муқовимат бо чунин намуди ҷинояткориро муҳайё намуд. Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди махсуси мубориза бо хариду фурўши одамон таъсис дода шуда, бо мақсади расонидани кўмак ба қурбониёни чунин намуди ҷинояткорӣ марказҳои дастгирӣ ва кўмак ба қурбониёни савдои одамон ташкил карда шуданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон аз соли 2005 бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон таъсис дода шудааст, ки ба таври доимӣ фаъолияти бонизоми худро дар чор самти фаъолият, яъне пешгирии савдои одамон, таъқиботи ҷиноятии савдои одамон, расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон ва таҳкими ҳамкориҳои шарикӣ татбиқ карда истодааст.

Ногуфта намонад, ки ҷиҳати анҷоми босифати корҳо дар ҳар чор самти фаъолият зери роҳбарии аъзои Комиссияи байниидоравӣ гурўҳҳои кории Комиссия таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати онҳо инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ шомил мебошанд.

Аз ҷумла, бо мақсади такмили қонунгузории амалкунанда дар доираи фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон»  таҳия гардиданд.

Санаи 20 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи 58  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои зикршударо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Баргузории Конфронси имрўза низ баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва омода намудани мутахассисон барои фаъолият дар ин соҳа заминаи хуб гузошта, дар ҳошияи он барои иштирокчиёни имконияти мусоиди табодули таҷриба фароҳам оварда шуд. Аз натиҷаи Конфронс баҳри беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти муқовимат ба савдои одамон тавсияҳои мушаххас коркард шуданд.