Чораҳои пешгирии хариду фурўши одамон дар Тоҷикистон тақвият меёбад

E-mail Печать PDF

Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ҷиҳати пешгирии савдои одамон чораҳои муассир меандешад.

Дар робита ба ин, гурўҳи кории Комиссия зери роҳбарии муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, зимни ҷаласаи навбатӣ, ки 8 октябри соли 2013 дар Кумита баргузор гардид, ҳисоботи намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, кумитаҳои оид ба корҳои дин ва кор бо занон ва оиларо доир ба корҳои ба анҷомрасонида дар самти пешгирии хариду фурўши одамон шунида, мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ намуд.

Дар доираи фаъолияти гурўҳи корӣ аз 4 то 27 октябри соли 2013 дар ноҳияи Ҳисор (ҷамоатҳои Хонақо (Шоҳамбарӣ), Ориён, Дурбат ва Турсунзода), шаҳри Ваҳдат (ҷамоатҳои Ромит, Чорсў, Симиганҷ ва Баҳор), ноҳияи Ёвон (ҷамоатҳои Гулсара Юсупова, Даҳана, Обимўкӣ ва Ҳасан Ҳусейнов (Озодӣ) ва ноҳияи Данғара (ҷамоатҳои Себистон, Исмат Шарифӣ (Ҷартеппа), Корез (Ғарғара) ва Сангтуда) оид ба муқобилият ба хариду фурўши одамон дар мавзўҳои «Нашъаҷалобӣ доғи ҷавонӣ», «Истисмори кўдакон - нокомии виҷдон», «Танфурўшӣ ва хариду фурўши инсон» ва «Ғуломӣ дар муҳоҷират» театрҳои сайёр ташкил карда шуданд.

Театрҳои сайёр аз ҷониби иштирокчиёни ҷавон хело хуб пазируфта шуд. Мўҳтавои чунин театрҳо аз ҷониби ихтиёриёни ҷавон гузошта шуда, дар фосилаи ҳар як барнома бо иштирокчиён атрофи масъалаҳои намоишгардида музокираҳо сурат гирифтанд.

Боиси зикр аст, ки театри сайёр дар доираи Лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон оид ба масъалаҳои марбут ба хариду фурўши одамон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Комиссия оиди рушди демократияи назди cафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуданд.

Мазмуни барномаҳои театрӣ фарогири омилҳои марбут ба хариду фурўши одамон ва роҳу усулҳои муассири бартарафкунии он арзёбӣ гардида, таваҷҷўҳи зиёди иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.

Лоиҳаи мазкур дар асоси Барномаи маҷмўии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ таҳия гардида, ҳамчун модели муассири пешгирии савдои одамон барои истифода ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ тавсия карда мешавад.