Вохўрии Раиси Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон Раҷабов А.Р. бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка хонум Сюзан Эллиот

E-mail Печать PDF

Санаи 3 сентябри соли 2013 вохўрии Раиси Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон Раҷабов А.Р. бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Америка хонум Сюзан Эллиот доир гардид.

Дар вохўрии мазкур ҳамчунин котиби дуюми Сафорати ШМА дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ Хизер Ҷонстон, корманди Сафорати мазкур Умед Ҳошимов, котиби сеюми Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Солибоева ва муовини мудири Шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Абдуллоев А.Р. иштирок намуданд.

Ба андешаи Сафир Сюзан Эллиот мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон муҳим арзёбӣ гардида, дар маҳаки сиёсати имрўзаи Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка қарор гирифтааст. Бо камоли хушнудӣ қайд гардид, ки Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Дар баробари таъқиби ҷиноятии ашхосе, ки ба истисмори шаҳвонӣ даст доранд, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишваре мебошад, ки ҷиҳати бартараф намудани истисмори меҳнатии кўдакон дар саҳрои пахта тадбирҳои муассир андешидааст. Бо назари нек ба фаъолияти босамари Комиссияи байниидоравӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки Тоҷикистон дар оянда низ баҳри такмили қонунгузорӣ ва татбиқи амалии он дар соҳаи муқовимати маҷмўӣ бо хариду фурўши одамон қадамҳои мустаҳкам мегузорад.

Раиси Комиссияи байниидоравӣ Раҷабов А.Р. аз ҳамкории мутақобилан судманди Комиссия бо Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка изҳори қаноматмандӣ намуда, ёддовар шуд, ки дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба 10 ноябри соли 2010 Ҳукумати ШМА ба Маркази миллии таълимии зидди хариду фурӯши одамон дар назди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба маблағи 60 000 доллари америкоӣ кӯмаки техникӣ пешниҳод намуд. Айни замон ин Марказе мебошад, ки дар он мутахассисони соҳа омода карда мешаванд.

Аз 10 августи соли 2010 лоиҳаи нави Агентии Штатҳои Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи пешгирии хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон оѓоз гардид, ки маблаѓи он дар давоми 3 сол  1 миллиону 100 ҳазор доллари америкоиро  ташкил медиҳад. Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират бо сифати баланд татбиқ гардида истодааст.

Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои вобаста ба таҳияи лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон” ва “Дар бораи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон”, Гузориши навбатии Департаменти давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва дигар масъалаҳои ҷойдошта дар самти таҳкими ҳамкориҳо баррасӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон” ва “Дар бораи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон” дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи Президент қарор дошта, дар ҳошияи гузориши зикршуда баҳри татбиқи тавсияҳо Нақшаи чорабиниҳои иловагӣ дар самти мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014 тасдиқ гардидааст.

Сафир Сюзан Эллиот иброз намуд, ки масъалаи маблаѓгузории сохтмони Маркази мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ҳалли худро пайдо намудааст ва коршиносони соҳа мушкилиҳои техникии татбиқи ин лоиҳаро баррасӣ карда истодаанд.

Ҷонибҳо тақвият бахшидани фаъолияти Маркази таълимии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро муҳим шуморида, пешниҳод карданд, ки ҷиҳати дар заминаи Маркази мазкур баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои омўзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи тандурустӣ, равоншиносӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила ва дигар мақомоти дахлдор лоиҳаи дахлдорро таҳия карда шавад. Ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки дар лоиҳаи мазкур баргузор намудани курсҳои омўзишӣ барои кормандони мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ низ бояд пешбинӣ карда шавад. Сафорат дар навбати худ масъалаи дастгирии лоиҳаи мазкурро дар доираи имкониятҳои дастрас баррасӣ менамояд.

Вобаста ба таҳият лоиҳаи Нақшаи миллии муқовимат ба хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 низ ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн зарур шуморида шуд.

Вохўрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил баргузор гардид.