Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва...

E-mail Печать PDF

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон» ба баррасии Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Санаи 20 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи 58  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Қобили зикр аст, ки хариду фурўши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва  халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст.

Рўзмара ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурўши одамон гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

Маҷмўи чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси равшани худро пеш аз ҳама дар ҳамроҳ гардидан ва ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳои  асосии байналмилалию ҳуқуқие, ки ба мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, ёфтаанд.

Бо мақсади татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалии худ ва ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда дар ин самт, гурўҳи байниидоравии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон зери роҳбарии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон»  таҳия намуд.

Зарурати қабули лоиҳаи қонунҳои мазкур дар он аст, ки аз рўзи қабули Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон» 8 сол сипарӣ гашта, дар ин давра таҳдидҳои нав пайдо шудаанд ва  шахсони ҷиноятпеша зимни содир гардидани ҷиноятҳо аз тарзу усулҳои муосир ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар ҷомеа сабабҳои гуногуни содиршавии чунин ҷиноятҳо ҷой дошта, татбиқи чораҳои пешгирикунанда, васеъ намудани доираи субъектҳои иштирокдор ва муқаррар кардани ҳуқуқу  вазифаҳои онҳо ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани мубориза ба чунин як падидаи номатлуб ба мақсад мувофиқ мебошад.

Бинобар асосҳои зикргардида зарурат ба миён омад, ки масъалаҳои гузошташуда ҳаллу фасли худро дар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ба таври дақиқу равшан пайдо намоянд.

Илова бар ин, дар шароити имрўза вазъи ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон дар натиҷаи истисмори меҳнатӣ, шаҳвонӣ ва дигар намудҳои истисмор муайян нагардида, дар аксари ҳолатҳо ҳуқуқҳои онҳо доир ба гирифтани кўмаки дахлдор пурра таъмин намегарданд. Аз ин рў, зарурат ба миён омад, ки масъалаҳои ташкил ва баланд бардоштани самаранокии низоми давлатии расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон тавассути муайян кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт дар доираи Қонуни алоҳида ба танзим дароварда шаванд.

Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидани лоиҳаи қонунҳои мазкур, бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муқовимат ба савдои одамон, ҳамчун самти муҳими сиёсати Ҳукумати кишвар дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мақомоти давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таҳдид ва хатарҳои савдои одамон тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.

Последнее обновление 24.09.13 10:07