Машғулиятҳои омўзишӣ барои кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, гумрук, судяҳо, намояндагони созмонҳои ҷавонон ва ихтиёриён дар масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон

E-mail Печать PDF

Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута дар самти мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон чораҳои зарурӣ андешида, мунтазам бо кормандони амалии ин мақомот конфронсу машғулиятҳои омўзишӣ ташкил менамояд.

Чун намунаи ин ҳамкориҳо силсилаи машғулиятҳои семинарӣ мебошад, ки бо кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, гумрук, судяҳо, созмонҳои ҷавонон, инчунин ихтиёриён санаҳои аз 21 то 23-юми августи соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва аз 26-ум то 31-уми августи соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд доир гардиданд.

Дар ин  машғулиятҳо дар маҷмўъ 186 нафар, аз ҷумла прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, муфаттишони мақомоти прокуратура ва ёрдамчиёни прокурорҳо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти гумрук, судяҳо, кормандони созмонҳои ҷавонон ва дигар сохторҳои марбута, инчунин ихтиёриён ширкат намуданд.

Мавзўъҳои марбут ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон, ки бо дарназардошти фикру андешаҳои масъулини ин мақомот таҳия ва баррасӣ гардиданд, аз ҷониби иштирокчиёни машғулиятҳо чун масъалаҳои доғи рўз арзёбӣ гардиданд. Аз ҷумла, мавзўъҳои «Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамон» (маърўзачӣ: котиби масъули Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон Абдуллоев А.Р.), «Танзими ҳуқуқӣ-байналмилалӣ ва миллии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон», «Хусусиятҳои бандубасти ҷиноятҳо дар самти хариду фурўши одамон» (маърўзачӣ - мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Шарипов Т.Ш.), «Мушкилоти мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон», «Хусусиятҳои пурсиши ҷабрдидагони ҷиноятҳои марбут ба хариду фурўши одамон» (маърўзачӣ муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфов Ф.Х.), «Хусусиятҳои таъин намудан ва гузаронидани экспертизаҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба хариду фурўши одамон» (маърўзачӣ: дотсенти кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ Сафаров А.И.) ва «Хусусиятҳои гузаронидани санҷиш, ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳои бо савдои одам алоқаманд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ» (маърўзачӣ-муовини сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Ҷ.) аз ҷониби иштирокчиён хуб қабул карда шуда, боиси муҳокимарониҳои зиёд гардиданд.

Инчунин, кормандони масъули Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон  Г.Иброҳимова ва  С.Алиев дар кори семинар ширкат намуда, ба иштирокчиён дар хусуси расонидани кўмаки бевосита ба қурбониёни ҷинояти хариду фурўши одамон ва муқаррар намудани ҳамкории қурбонӣ бо мақомоти давлатӣ ба воситаи СБМ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал  доданд.

Дар рафти суханронии тренер-омўзгорон иштирокчиёни семинарҳо марбут ба ҷанбаҳои гуногуни назариявӣ-амалии масъалаҳои муҳокимашаванда саволҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Саволҳое, ки бештар аз ҷониби иштирокчиён дода, мавриди муҳокима қарор дода шуданд, инҳоянд:

-        Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» дар кадом сатҳ қарор дорад?

-        Оё такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба хориҷ намудани моддаҳои 132 ва 167-и Кодекси ҷиноятӣ ва бо моддаи 1301 -и ҳамин Кодекс фаро гирифта шудани мазмуни онҳо дар назар аст?

-        Ҷиҳати таъмини бештари иҷрои Созишнома дар хусуси расонидани кўмаки мутақобила оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ки 9-уми апрели соли 2007 дар шаҳри Абў-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Аморати Муттаҳидаи Араб  баста шудааст, кадом корҳоро анҷом додан лозим аст?

-        Кадом экспертизаҳои судӣ, ки дар рафти тафтиши ҷиноятҳои ба хариду фурўши одамон алоқаманд гузаронидани он зарур аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида намешавад? Баҳри ислоҳи ин чӣ бояд кард?

-        Оё бе розигии варзишгар ўро ба арзиши муайян, ки ба хисоби клуби «фурўшанда» меравад, ба клуби дигари футбол гузаронидан чун хариду фурўши одамон баҳогузорӣ мешавад?

-        Таҷрибаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шудани модари мавридӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом ҳолат аст?

-        То кадом дараҷа фоҳишагарӣ боиси ривоҷ ёфтани ҷиноятҳои марбут ба хариду фурўши одамон шудааст?

-        Чаро марде, ки хизмати фоҳишаро истифода мебарад, беҷазо мемонад?

-        Оё дуруст аст, ки пурзўр гардидани мубориза ба муқобили ҷиноятҳои хариду фурўши одамон ва пешгирии интиқоли занону духтарон ба Аморати Муттаҳидаи Араб боиси афзоиши интиқоли занону духтарон бо мақсади хариду фурўш ба Ҷумҳурии Туркия гардидааст?

-        Чӣ гуна тавсияҳо оид ба беҳтар намудани кори тафтишот оид ба тафтиши ҷиноятҳои марбут ба хариду фурўши одамон мавҷуданд?

-        Дар самти ташаккули афкори ҷамъиятии зидди ҷиноятҳои хариду фурўши одамон ва одамҷаллобон кадом корҳоро анҷом додан мебояд?

Дар машғулиятҳои мазкур ба иштирокчиён маводҳои омодашуда, ки аз санадҳои байналмилалӣ, санадҳои қонунгузории миллӣ марбут ба мубориза ба муқобили одамон ва дигар маводҳои омўзишӣ иборат буданд, тақсим карда шуданд. Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ баҳри таъмини иҷрои Барномаи маҷмўии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 гузаронидани чунин машғулиятҳои омўзиширо дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон баҳри фарогирии шумораи зиёдтари кормандони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ташкил намояд.

Гузаронидани машғулиятҳои семинарии зикршуда дар чаҳорчўби лоиҳаи «Мусоидати амалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон» бо пуштибонии молиявии Бюро оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ШМА дар Тоҷикистон амалӣ гаштааст.