Ҷаласаи дуюми машваратӣ

E-mail Печать PDF

Ҷаласаи дуюми машваратӣ дар доираи Лоиҳаи ХАС/Х44 «Мустаҳкамсозии иқтидори ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои ҳимояи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ, махсусан занон ва кӯдакон, инчунин расонидани кӯмак ба онҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ»

Дар санаи 28 августи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ҷаласаи дуюми машваратӣ дар доираи Лоиҳаи минтақавии «Мустаҳкамсозии иқтидори ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои ҳимояи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ ворид кардашуда, махсусан занон ва кӯдакон, инчунин расонидани кӯмак ба онҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка маблаѓгузорӣ карда мешавад, баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласаи машваратӣ  мизи мудаввар дар мавзўи «Муккамалгардонии механизми ҳамкориҳо байни ташкилотҳои давлатӣ ва институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳимоя ва кӯмак ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ” доир гардида, масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои Лоиҳаи ХАС/Х44 аз давраи 1 ноябри соли 2012 то 28 августи соли 2013, инчунин Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистион барои солҳои 2011-2013 баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи машваратӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ѓайридавлатӣ доир ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва коркарди механизми нав барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.

 

Комиссияи байниидоравии мубориза

ба муқобили хариду фурўши одамон