Даври нўҳуми муколама дар мавзўи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон

E-mail Печать PDF

14 августи соли 2013  дар толори Маркази иттилоот ва муошират ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва даври нўҳуми Муколама дар мавзўи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон доир гардид.

Дар рафти ҷаласа маълумоти Раиси Комиссияи байниидоравӣ-мудири Шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Абдусаттор Раҷабович оид ба натиҷаи фаъолияти Комиссия дар ҳафт моҳи аввали соли 2013 ва ҳисоботи роҳбарони гурўҳҳои кории Комиссия, муовини Вазири маориф, муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба ҷараёни татбиқи Барномаи маҷмўии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 шунида шуд. Вазорату идораҳои масъули иҷрои Барнома ва гурўҳҳои  кории Комиссия вазифадор карда шуданд, ки то моҳи декабри соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи амалии ин Барнома тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Бо мақсади боз тақвият бахшидани муқовимат бо савдои одамон лоиҳаи “Нақшаи чорабиниҳои иловагии  муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014” маъқул дониста шуд.

Ҳамзамон, бо қарори Комиссияи байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаи “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016” гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурўҳи кории мазкур вазифадор гардид, ки то моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016”-ро мутобиқ ба талаботҳои низоми миллӣ ва байналмилалии муқовимат ба савдои одамон таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.

Инчунин, зимни чорабинии мазкур намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ низ ибрози андеша карданд.

Дар чорабинии зикршуда як қатор намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ иштирок доштанд.

Последнее обновление 10.09.13 12:33