Маҷлиси навбатии гурўҳи корӣ оид ба пешгирии хариду фурўши одамон

E-mail Печать PDF

19 июли соли 2013 маҷлиси навбатии гурўҳи корӣ оид ба амалигардонии соҳаи афзалиятноки «Чорабиниҳ ои пешгирикунандаи хариду фурўши одамон» (бандҳои 2, 4, 5, 6 ва 7) Барномаи маҷмўии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва фарҳанг ҷиҳати татбиқи бандҳои алоқаманди Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии соҳаи афзалиятноки «Чорабиниҳои пешгирикунандаи хариду фурўши одамон» шунида шуда, доир ба тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт қарорҳои лозима қабул гардид.