Ҷумҳурии Тоҷикистон садди устувори хариду фурўши инсон аст.

E-mail Печать PDF

(вокуниши Вазорати корҳои дохилӣ ба мақолаи «Қочоқи инсон дар Тоҷикистон: Фақат «моҳичаҳо» ба шаст меафтанд», ки санаи 20.06.2013 дар сомонаи интернетии «Озодӣ» ба нашр расида буд)

Хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардида, чунин намуди ҷинояткорӣ дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллӣ ва халалдор гардидани суботи иқтисодии давлатҳои ҷаҳонро ниҳон дорад. Бо дар назардошти ин Тоҷикистон аз лаҳзаи соҳибистиқлолии худ дар раванди муқовимат бо хариду фурӯши одамон иштироки фаъол дошта, дар сатҳи милливу байналмилалӣ чораҳои таъхирнопазир андешидааст.

Аслан, вақте мо дар бораи муқовимат бо хариду фурӯши одамон сухан меронем, тибқи таҷрибаи байналмилалӣ чаҳор самти фаъолият дар назар дошта мешавад. Аз ҷумла, татбиқи чораҳои пешгирикунандаи хариду фурӯши одамон, таъқиби ҷиноятии хариду фурўши одамон,  расонидани кӯмак ба қурбониёни хариду фурӯши одамон ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин самти фаъолият.

Дар ин замина Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалиро ба тасвиб расонида, аввалин шуда дар Осиёи марказӣ қонуни махсусро дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон соли 2004 қабул намуд. Дар кишвари мо чорабиниҳои барномавӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон тарҳрезӣ гардида, аллакай Барномаи маҷмӯи мубориза бо хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010 татбиқ шуда, айни замон барномаи ҳамшабеҳи он барои солҳои 2011-2013 амалӣ гардида истодааст. Қобили зикр аст, ки мақомоти давлатӣ дар ҷараёни ба нақшагирии чорабиниҳо ва татбиқи амалии он ҳамкории васеи худро бо ташкилотҳои байналмилалию ғайридавлатӣ ба роҳ мондаанд.

Чун сухан дар бораи ҳамкорӣ рафт, зикр кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамгироии мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шурӯъ аз соли 2010 муколамаро дар мавзӯи мубориза бо хариду фурӯши одамон ташкил намудааст, ки ҳар се моҳ як маротиба баргузор шуда, мақсади он муттаҳид намудани қувва ва воситаҳои ҷомеа бар зидди чунин падидаҳои нангин ва пешбурди муборизаи якҷоя арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсис додани Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, инчунин Шӯъбаи махсуси мубориза бо хариду фурӯши одамон дар сохтори ВКД дар ҳар чаҳор самти муқовимат бо чунин намуди ҷинояткорӣ корҳои муайянеро ба сомон расонид, ки дар натиҷаи он ҳамасола ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон ошкор гардида, ашхоси ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Вале боиси таассуф аст, ки дар баъзе расонаҳои хабарӣ мақолаҳо дар ин мавзӯъ бо сарлавҳаҳои таваҷҷӯҳпазир ба таври дигар ба нашр расида, муаллифон барои тасдиқи маводи худ ягон далели боэътимод нишон намедиҳанд.

Дар ҳамин маврид ВКД мақолаи «Қочоқи инсон дар Тоҷикистон: фақат «моҳичаҳо» ба шаст меафтанд»-ро, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ чоп гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Доир ба гузориши ҳамасолаи Департаменти  давлатии ИМА дар ин мавзӯъ қайд кардан ба маврид аст, ки кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Департаменти мазкур соли 2010 Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои бар зидди хариду фурӯши одамон муборизабаранда як зина боло, яъне дар гурӯҳи дуюм баҳогузорӣ кард, ки дар минтақа ин натиҷаи хуб арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамин радиф муаллифони мақолаи мазкур метавонанд  ба мавқеи мустақили ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, ки аз ҷониби Шӯрои Даниягӣ оид ба масъалаи гурезагон дар шакли филмнома омода шудааст, гарданд.

Агар ба таҳлилҳои оморӣ назар афканем маълум мегардад, ки ҳамасола баҳри ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон тадбирҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ як қатор ҷиноятҳои алоқаманд бо хариду фурӯши одамон ошкор карда шуд, ки аз он 94 далели ташкил ва нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ, ё занҷалобӣ, 50 далели алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, 25 далели ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, 17 далели ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкор карда шуданд.

Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Исломова Ситора соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд, ки беш аз 6 далели ҷалби одамон барои истисмор аз ҷониби ӯ ошкор карда шуд. Шаҳрванд Исломова С., мехост даҳҳо нафар занону духтарони тоҷикро тавассути дигар давлатҳои хориҷи наздик ба мамлакатҳои Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол диҳад, ки ин амали ӯ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор ва пешгирӣ карда шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъди анҷоми тафтишот барои моҳиятан дида баромадан, ба суд ирсол карда мешавад.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД шаҳрванд Умаров Баҳриддин соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Конибодом дастгир карда шуд, ки ӯ мехост бо баҳонаи бо ҷойи кори сердаромад таъмин намудан як нафар ҷавондухтарро ба шаҳри Дубай барои истисмори шаҳвонӣ бурда, ба танфурӯшӣ ҷалб намояд. Нисбати ҷинояткори мазкур бо ҳукми суди ноҳияи Б.Ғафуров ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ ба мӯҳлати 7 солу шаш моҳ татбиқ карда шуд.

Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД шаҳрванд Азимова Мавҷуда соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд, ки ӯ мехост тавассути гузаргоҳи «Панҷи поён» бо мақсади ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ ду нафар ҷавондухтаронро ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бурда, барои ба даст овардани маблағи калони пулӣ ба танфурӯшӣ ҷалб намояд. Номбурда ҳангоми амалиёти махсуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир карда мешавад. Нисбати амали ҷинояткоронаи шаҳрванд Азимова Мавҷуда бо моддаи 132 қисми 3 банди «б» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур ба мӯҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Дар ин радиф мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, ки чунин ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ омодагии худро баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо тамоми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон изҳор медорад.