Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Комиссияи байниидоравӣ ва Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон

E-mail Печать PDF

Санаи 09.07.2013 Раиси Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон Раҷабов А.Р. бо мушовир оид ба  масъалаҳои сиёсии Сафорати ШМА дар Тоҷикистон ҷаноби Эрик Ҷейкобс вохўрӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои асосии таҳким бахшидани ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо дар самти муқовимат бо савдои одамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаноби Ҷейкобс табрикоти худро ба Комиссияи байниидоравӣ доир ба натиҷаи баҳогузории кўшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамон баён дошта, иброз намуд, ки талаботи баҳогузории навбатӣ хело ҷиддӣ буд ва натиҷаи он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон устувор дар қатори дуюми давлатҳои бар зидди чунин намуди ҷинояткорӣ муборизабаранда ҷойгузин шудааст. Эрик Ҷейкобс қайд кард, ки Тоҷикистон дар самти муқовимат бо савдои одамон дар минтақа пешсаф мебошад.

Раиси Комиссияи байниидоравӣ Раҷабов А.Р. қайд кард, ки миёни Комиссияи байниидоравӣ ва Сафорати ШМА дар Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо савдои одамон ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст. Доир ба натиҷаи баҳогузорӣ маълумот дода шуд, ки дар ояндаи наздик баҳри татбиқи тавсияҳо нақшаи чорабиниҳои дахлдор омода карда мешавад ва ҷараёни баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ дар ин самт зери назорат қарор дорад.

Зикр шуд, ки имсол мўҳлати фаъолияти ҷаноби Ҷейкобс дар Тоҷикистон ба итмом мерасад ва бо истифода аз фурсати муносиб Раиси Комиссияи Раҷабов А.Р. ба ў доир ба фаъолияти судманд дар кишвари мо арзи сипос карда, дар кори минбаъдааш бурдборӣ таманно намуд.

Вохўрӣ дар фазои комили якдигарфаҳмӣ доир гардид.