Саволҳои мавриди таваҷҷӯҳ

E-mail Печать PDF

Хариду фурӯши одамон чист?
«Хариду фурӯши одамон – ин ҳама гуна ҳаракате, ки бо ҷалби одамон алоқаманд ба воситаи интиқоли онҳо дар дохили кишвар ва ё хориҷ аз он, ки бо истифодаи фиреб, маҷбуркунӣ, истифодаи зурӣ, гирифтор кардан ба асорати қарзӣ, қаллобӣ бо мақсади ҷойгиркунӣ дар шароити бераҳмона ва истисмор мебошад».

Хариду фурӯши инсон – ин ғуломӣ аст?

Агар ҳангоми истисмори шаҳвонии инсон қувва ё таҳдиди истифодаи қувва кор фармуда шавад, одамон қурбониёни хариду фурӯши инсон ҳисобида мешаванд. Хариду фурӯши инсон ҷиноятест, ки барои одамҷаллобон даромадҳои зиёд меорад.

Меҳнати маҷбурӣ чист?

Ҳар гуна кор ё хизмате, ки аз ҷониби одам бар хилофи иродаи ӯ ё бо таҳдиди ҷазо иҷро мешавад, меҳнати маҷбурӣ номида мешавад. Ҳамаи коргарон бояд соҳибихтиёрона меҳнат кунанд. Дар аксари ҳолатҳо коргарон ба асорати қарзии корфармоёни худ меафтанд. Корфармоён аксар вақт коргаронро маҷбур менамоянд то ин ё он ӯҳдадориҳои қарзиро бар дӯши худ гиранд, ҳамзамон коргарон оқибатҳои эҳтимолии ин ҳолатро дарк намекунанд,  ва он боиси ба таври назаррас кам кардан ва ё ба онҳо тамоман напардохтани музди меҳнати онҳо мегардад.

Шаклҳои маъмул ва роҳҳои истисмор одамон кадомҳоянд?

Маҷбуркунӣ барои хизматрасонии шаҳвонӣ
Меҳнати маҷбурӣ
Гирифтан ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо
Ба асорати қарзӣ гирифтор намудан
Маҳдудкунии озодии гаштугузор

Пеш аз сафар ба хориҷа дар ҷустуҷӯи кор чиро бояд донист?

Агар хоҳиши дар хориҷа кор карданро дошта бошед, боварӣ ҳосил кунед, ки мӯҳлати эътибори шиносномаи шумо ба охир нарасидааст ва шумо раводиди ҳуқуқи кор (виза) ва ё иҷозатномаи ҳуқуқи кор карданро доред!
Агар ягон агентии бокортаъминкунӣ ба шумо кор пешниҳод намояд, боварӣ ҳосил кунед, ки он иҷозатномаи(литсензияи) амалкунандаи мутобиқ дорад!
Шиносномаи худ ё дигар ҳуҷҷатҳои заруриро ба касе надиҳед!
Агар ба шумо пардохти ҳамаи хароҷотҳоро оид ба таъмини кор ба тариқи қарз пешниҳод кунанд, бо мақсади дурӣ ҷустан аз асорати қарзӣ шароитҳои қарзро ҳатман равшан кунед!
Шумо қурбонии хариду фурӯши инсон ҳисобида хоҳед шуд, агар ҳатто ризоияти шумо дар вазъи истисмор қарор доштан бо истифодаи зӯрӣ, таҳдид ё фиреб ё бо роҳи истифода аз мавқеи осебпазирии шумо ба даст омадааст.

Одамҷаллобон киҳоянд?

Одамҷаллобони ғайрикасбӣ ё одамҷаллобони сатҳи поёнӣ – одамони маҳаллие мебошанд, ки танҳо қисме аз ҳаракатҳоро дар ҷараёни хариду фурӯши одамон  ба анҷом мерасонанд ва ё ҳамчун одамҷаллобони тасодуфӣ кор мекунанд. Онҳо метавонанд аз номи шабакаҳои калони ғуломҷаллобӣ ё барои  онҳо кор кунанд. Одатан аксари чунин одамҷаллобон ҳамдиёрони худро ҷалб менамоянд ва мефурӯшанд,  ҳамчунин дар кишвари иқомати хариду фурӯши одамон зиндагӣ мекунанд.