Дар бораи Марказ

Маркази миллии таълимии Мубориза бар зидди хариду фурўши одамон дар назди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 3 январи соли 2008 дар натиҷаи ҳамкории судманди Комиссияи байниидоравӣ ва Созмони байналалмилалии муҳоҷират ва бо маблағгузории Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади таъсис  ва фаъолияти Марказ пеш аз ҳама баланд бардоштани иқтидории кадрии мақомоти дахлдори кишвар дар самти мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва расонидани кўмак ба ҷабрдидагони чунин намуди ҷинояткорӣ арзёбӣ мегардад.

Самтхои афзалиятноки фаъолияти Марказ инҳо ба шумор мераванд:

1) Тайёр намудан ва аз нав тайёркунии мутахасисони баландихтисос дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон;

2) Таҳия намудани барномаҳои таълимӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон;

3) Тахлили қонунгузории амалкунанда дар самти мубориза мукобили хариду фурўши одамон ва таҳияи тавсияҳо ба он;

4) Омода сохтани тафсирҳо ба санадхои меъёрии амалкунанда дар ин самти фаъолият;

5) Ташкил намудани утоқҳои ташхисӣ, китобхонаҳои электронӣ ва пешниҳоди дигар хизматрасонии таълимӣ барои шунавандагон ва ғайраҳо.

Дар Марказ донишҷўёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курсҳои махсусро гузашта, барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дагир мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омўзишӣ баргузор мегарданд.

Дар давоми фаъолияти худ дар Марказ барои кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ якчанд даврҳои семинарҳои омўзишӣ ва мизхои мудаввар вобаста ба паҳлўҳои гуногуни мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон гузаронида шудааст.

Аз 7 феврали соли 2011 инҷониб дар Марказ маҳфили илмии донишчуён бо номи «Мубориза бар зидди хариду фурўши одам» бо шумораи 35 нафар таъсис дода шуда, дар мавзўҳои «Мубориза бар зидди хариду фурўши одамон», «Роҳҳои пешгирии хариду фурўши одамон», «Таҳлили таркибии чинояти хариду фурўши одамон», «Кўмаки аввалиндараҷа   ба   ҷабрдидагони  ҷинояти   хариду   фурўши   одамон» корҳои таҳлилӣ анҷом дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси махсуси таълимии «Мубориза мукобили хариду фурўши одамон» дар ҳаҷми 36 соат таҳия ва роҳандозӣ гардида, мўҳтавои онро мутахассиони соҳа ба донишҷўён меомўзанд.

Ҷиҳати фаъолияти мўътадили Марказ аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират инфрасохтори зарурӣ ва таҷҳизоти муосири омўзишӣ таъмин гардидааст.

Маркази мазкур аз толори конфронс, озмоишгоҳ ва китобхона иборат буда, дар доираи он таҷҳизотҳои технологию омўзишӣ, аз ҷумла компютерҳо, принтерҳо, хизматрасонии интернет, дастгоҳҳои муайянкунандаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, наворбардорӣ ва ғайраҳои мавриди истифодаи донишҷўён ва кормандони мақомоти давлатӣ қарор доранд. Дар китобхонаи Марказ зиёда аз 100 адабиётҳои махсуси ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Дар марказ 3 нафар, аз ҷумла директор, мудир ва корманди техникӣ фаъолият менамоянд. Кормандони Марказ бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ ҷиҳати бархурдор будан аз усулҳои муосири баргузории чорабиниҳои омўзишӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ба давлатҳои хориҷа  сафарбар карда шудаанд.