Муколама дар мавзўи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон

Хариду фурўши одамон - яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ мебошад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст.  Рўзмара ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии худ иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурўши одамон гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

Дар ин давра, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо баҳри такмили қонунгузорӣ, таҳияи заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти дахлдор, ташкили инфрасохтори зарурии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон, омода намудани кадрҳо ҷиҳати амалинамоии таъқиботи ҷиноии хариду фурўши одамон ва расонидани кўмак ба ҷабрдидагони он, инчунин ба таври мунтазам роҳандозӣ кардани чорабиниҳои пешгирикунандаю иттилоотӣ дар миёни аҳолӣ амалӣ гардонида шуданд.

14-уми июни соли 2010, 10-умин ҳисоботи ҷаҳонии Департаменти Давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба иқдомҳои кишварҳое, ки бо хариду фурўши одамон мубориза мебаранд, рўи чоп омада, бо ба инобат гирифтани фаъолияти пурсамари Комисияи байниидоравӣ ва шарикони иҷтимоӣ, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Департаменти давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар рейтинги байналмилалии давлатҳои ба муқобили хариду фурўши одамон муборизабаранда як зина боло баҳогузорӣ гардид.

Вале, боиси таассуф аст, ки на ҳама вақт иқдомҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон оид ба мубориза бо ин кирдори нангин сурат мегиранд, ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонида мешавад.

Баъди баррасӣ ва таҳлили амиқи масъалаи мазкур, Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ба хулосае омад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба иқдомҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон андешида мешаванд, чандон огоҳ нестанд ё ин ки таассуроти начандон воқеӣ  доранд.

Вобаста ба ин, Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон қарор кард, ки Муколама байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷониб, ва намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва созмонҳои ҷамъиятии ватаниву хориҷӣ, ки бо масъалаҳои мубориза ба хариду фурўши одамон машғуланд, аз ҷониби дигар ташкил карда шавад.

Мақсад ва мароми Муколама пеш аз ҳама огоҳонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба иқдомҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон андешида мешаванд, муттаҳид кардани қувва ва воситаҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии хориҷиву ватанӣ, ки баҳри мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ҷамъ омадаанд, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои номбурда дар ин самти фаъолият мебошад.

Дар Муколама аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раис ва аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва дигар шахсони расмӣ иштирок менамоянд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва созмонҳои ҷамъиятии ватаниву хориҷӣ, ки бо масъалаҳои мубориза ба хариду фурўши одамон машғуланду хоҳиши иштирок дар Муколамаро доранд, ширкат меварзанд ва шумораи иштирокчиён аз ҷониби шарикони иҷтимоӣ номаҳдуд аст.

Қарор карда шуд, ки Муколама 4 маротиба дар як сол дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ва 2 маротиба дар як сол дар сатҳи минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташкил карда шавад. Қобили зикр аст, ки даври аввали Муколама дар санаи 6-уми августи соли 2010 ва давраҳои минбаъдаи он 10-уми ноябри соли 2010, 23-ми феврали соли 2011, 27-уми июни соли 2011, 4-уми ноябри соли 2011 ва 16-уми марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Даври аввали Муколамаи минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 31-уми марти соли 2011 ва даври дуввуми он 10-уми ноябри соли 2011 гузаронида шуданд.