Дастгирӣ ва кўмак ба ҷабрдидагони

Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон” мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон, аз ҷумла дар асоси принсипҳои қонуният, табъиз накардани ҷабрдидагони хариду фурўши одамон, таъмини муомилаи бехавф ва одилона бо ҷабрдидагони хариду фурўши одамон ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад.

Қонун ҳамчунин механизми барқарорсозии иҷтимоӣ, чораҳои ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурўши одамон, вазифаҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба  расонидани ёрӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони хариду фурўши одамон,  расонидани кумак ба кўдакон-ҷабрдидагони хариду фурўши одамон, кафолатҳои давлатӣ ба ҷабрдидагони хариду фурўши одамонро пешбинӣ намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсис ва фаъолияти муътадили муассисаҳои махсусгардонидашудае, ки ҷабрдидагони хариду фурўши одамонро дастгирӣ менамоянд ва ба онҳо кўмак мерасонанд, тамоми заминаҳои ташкилӣ ва меъёрию ҳуқуқиро муҳайё намудааст. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон №100 аз 3 марти соли 2002 Қоидаҳои таъсиси марказҳои дастгирӣ ва кўмак ба ҷабрдидагони хариду фурўши одамон” тасдиқ карда шудааст. Қарори мазкур тартиб, шартҳои таъсис ва талаботи асосӣ вобаста ба таъсиси чунин марказҳоро муайян менамояд.

Дар асоси талаботи қонунгузории ҷорӣ айни замон дар қаламрави кишвар якчанд Марказҳои дастгирӣ ва кўмак ба ҷабрдидагони хариду фурўши одамон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри фаъолияти мўътадили ин Марказ тамоми чораҳо андешида шуда, ҳамзамон тўли ин давра кўмакҳои гуногун расонида шудааст. Аз ҷумла мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати барқарор намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти ҷабрдидагони хариду фурўши одамон мусоидат намуда, хароҷоти ҳаққи қувваи барқ ва обро дар марказҳои зикршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд.

Дар баробари фаъолияти марказҳои дастгирӣ ва кўмак ба ҷабрдидагони хариду фурўши одамон, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират маблағгузорӣ карда мешаванд, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила як Маркази дигар бо номи “Хадамоти дастгирии духтарон” таъсис дода шудааст. Маркази мазкур барои духтаракони аз синни 10 то 18 сола, ки қурбони хушунат, истисмор ва хариду фуруши одам  гардидаанд ё дар хатари он қарор доранд, пешбинӣ гардидааст. Мақсади асосии Марказ ин дастгирию кўмак ва ба оилаю ҷомеа баргардонидани чунин категорияҳои духтарон арзёбӣ мегардад. Дар Марказ барои ҷои хоби бехатари шабонарўзӣ ба 18 нафар духтарон дар ошёнаи чорум ва 2 духтари маъюб дар ошёнаи якум шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар Марказ хадамотҳои рўзона, дастгирии корманди иҷтимоӣ барои духтар ва оила, дастгирии касбии тиббӣ ва равоншиносӣ, дастрасӣ ба таълим ва таълими касбӣ техникӣ, маслиҳати ҳуқуқӣ аз тарафи гурӯҳи хукукшиносон фаъолият менамоянд.

Қобили тазаккур аст, ки барои фаъолияти мўътадили Марказ Ҳукумати кишвар пайваста кўмаки худро мерасонад. Аз ҷумла аз ҷониби Ҳукумат маблағҳои коммуналӣ  ва барқу оби Марказ, маблағи иҷораи бинои он пардохт карда шуда, давра ба давра ба Марказ маводҳои конселярӣ ва барои ҷабрдидагон либос пешниҳод карда мешавад.

Инчунин дар вилояти Суғд моҳи июни соли 2010 Маркази давлатии солимгардонии норасоӣ ва ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд. Тибқи Низомномаи худ Маркази мазкур барои кўдакони хушунатдида ва ҷабрдида, аз ҷумла аз хариду фурўши одамон кўмаки психологию педагогӣ ва дигар намуди кўмак, аз ҷумла барқарор намудани ҳуҷҷатҳоро мерасонад. Марказ дорои ҷои хоб ва тамоми шароит барои буду боши кўдакон буда, пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ карда мешавад.