Ташаббусҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон

Моҳи феврали соли 2011 дар асоси мактуби  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Белорус иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси ин кишвар дар назди Созмони Милали Муттаҳид (шаҳри Ню-Йорк), шўъбаи Женевагии Созмони Милали Муттаҳид (шаҳри Женева) ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (шаҳри Вена) Гурўҳи кишварҳои дўст таъсис дода мешавад ва  ҳадаф аз он муборизаи беамон ба муқобили хариду фурўши одамон арзёбӣ мегардад. Гурўҳи мазкур аз намояндагони намояндагиҳои дипломатии (дипломатон)  кишварҳои аъзо дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Женева ва Вена иборат буда, онҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ барои мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон мубориза мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори якуминҳо ба Гурўҳ аъзо шуда, ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Ню-Йрок, Женева ва Вена дастури қатъӣ дода шуд, ки дар кори Гурўҳҳо иштироки фаъол намуда, дар амалӣ намудани тавсияҳои он ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Имрўзҳо, Гурўҳи кишварҳои дўст зиёда аз 20 кишвари аъзо дошта, ҳар сол дар доираи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо ҷамъ омада, масъалаҳои мубрам матраҳ мегарданд. Дар вохўрии охирони Вазирони корҳои хориҷӣ, ки соли 2011 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, қарор карда шуд, ки ба Гурўҳи кишварҳои дўст кишварҳои дигар низ даъват карда шаванд.

Бо мақсади амалӣ намудани тавсияи Гурўҳи кишварҳои дўст, Тоҷикистон дар даври панҷуми Муколама байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷониб, ва намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва созмонҳои ҷамъиятии ватаниву хориҷӣ, ки бо масъалаҳои мубориза ба хариду фурўши одамон машѓуланд, аз ҷониби дигар, ки 4-уми ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои минтақаи Иттиҳоди Аврупоро расман даъват кард, ки ба Гурўҳи кишварҳои дўст бо мақсади муборизаи якҷоя бо ин ҷинояти нангин ҳамроҳ шаванд.