Муҳокимаи мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва хариду фурўши одамон

E-mail Печать PDF

Рўзҳои 1-2 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе вохўрии минтақавии 27 ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Осиёи Марказӣ, ки дар самти мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон фаъолият доранд, доир гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират ташкил ва гузаронида шуд. Дар кори чорабинӣ, ки ба масъалаҳои ошкоркунӣ, барқарорсозӣ ва тавонбахшии мардон-ҷабрдидагони  истисмори меҳнатӣ бахшида шуда буд, Раиси Комиссияи байниидоравӣ Раҷабов А.Р. иштирок ва суханронӣ намуд.

Хариду фурўши одам яке аз масъалаҳои ҷиддитаринест, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба вуҷуд овардаст. Мутобиқи иттилооти СБМ дар бораи миқёси хариду фурўши одам дар минтақа, тақрибан  91% ҳолатҳои хариду фурўши одамро истисмори меҳнатӣ ташкил мекунад. Тақрибан 69% қурбониёни хариду фурўши одам мардҳо мебошанд, ки дар шароитҳои ғуломворона кор мекунанд. Ҳадафи асосии нишасти мазкур бо иштироки васеи намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ) ва ҷамъиятие, ки ба пешгирии хариду фурўши одамон дар минтақа фаъолият менамоянд, баррасӣ намудани хариду фурўши одам барои истисмори меҳнатӣ арзёбӣ мегардид.

Тавассути  муҳокимаҳо ва кор дар гурӯҳҳо бо мусоидати коршиносони байналмилалӣ иштирокчиён малакаи муайян кардани мардони аз хариду фурўши одам ҷабрдида, тарзи омода сохтани стратегияи пешгирӣ ва расонидани кўмак ба мардони аз хариду фурўши одам ҷабрдида бо мақсади ба ҷомеа аз нав шомилкунии онҳо пайдо намуданд.

Чорабинии мазкур дар чаҳорчўби лоиҳаи минтақавии пешгирии хариду фурўши одам бо пуштибонии молиявии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ гаштааст.