Дар бораи Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон

E-mail Печать PDF

Хариду фурўши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва  халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст.

Рўзмара ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурўши одамон гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

Маҷмўи чораҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси равшани худро пеш аз ҳама дар ҳамроҳ гардидан ва ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳои  асосии байналмилалию ҳуқуқие, ки ба мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб равона гардидаанд, ёфтаанд.

Бо мақсади татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалии худ ва ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектони мубориза бо чунин падидаи нангин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2005, №5 Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон таъсис дода шуд.

Комиссияи байниидоравӣ - мақоми доимоамалкунандаи  машваратии байниидоравие   мебошад,   ки   бо   мақсади ҳамоҳангсозии  фаъолияти вазоратҳо,  кумитаҳои давлатӣ,  кумитаҳо,  идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии   ҳокимияти  давлатии  вилоятҳо,  шаҳру ноҳияҳо,  корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо,  сарфи назар аз шакли моликияташон доир  ба татбиқи ўҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  самти  мубориза  ба муқобили  хариду  фурўши одамон, таъсис ёфтааст.

Вазифаҳои Комиссияи байниидоравӣ пеш аз ҳама таҳия намудани асосҳои  сиёсати  давлатӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон  ва таҳияи тавсияҳо барои афзун  намудани самаранокии  фаъолияти мақомоти дахлдор вобаста ба ин самти фаъолият арзёбӣ мегардад. Инчунин, Комиссияи байниидоравӣ ба таври мунтазам ҳолати ҷинояткориро оид ба хариду фурўши одамон таҳлил менамояд, ҳамоҳангкунонии фаъолияти комиссияҳои минтақавиро доир ба масъалаҳои мазкур амалӣ намуда, дар таҳияи созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон иштирок мекунад ва дигар вазифаҳоро дар асоси Низомномаи худ иҷро менамояд.

Ба  ҳайати Комиссияи байниидоравӣ  Раис, котиби масъул ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ аз ҳисоби  намояндагони вазорату идораҳо шомил карда мешаванд.

Намояндагони идтиҳодияҳои   ҷамъиятӣ    ба ҳайати    Комиссияи байниидоравӣ  бо  пешниҳоди  Раиси  Комиссияи байниидоравӣ ворид карда шуда, аз  тарафи  Комиссияи  байниидоравӣ  тасдиқ карда  мешаванд.  Бо мақсади таъмини иштироки васеи ҷамъият дар кори Комиссияи байниидоравӣ намояндагии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар  ҳайати Комиссияи  байниидоравӣ мумкин аст, давра ба давра иваз карда шавад.

Дар айни замон, ҳайати Комиссияи байниидоравӣ  чунин мебошад:

-мудири Шўъбаи  мудофиа  ва  тартиботи ҳуқуқии  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -  Раиси Комиссияи байниидоравӣ;

- муовини мудири  Шўъбаи  мудофиа  ва тартиботи  ҳуқуқии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  -  котиби масъули  Комиссияи байниидоравӣ;

- мудири Шўъбаи   ҳуқуқи   Дастгоҳи   иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-мудири Шўъбаи   кафолатҳои   конститутсионии ҳуқуқи  шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон -  – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-мудири Шўъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини  сардори  Хадамоти  гумруки  назди Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Вазири   меҳнат   ва   ҳифзи иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини  Вазири  рушди  иқтисод  ва  савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Раиси Кумитаи  кор  бо  занон  ва оилаи  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули соҳа – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

- Раиси Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Раиси вилояти Хатлон – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Раиси вилояти Сугд  – аъзои Комиссияи байниидоравӣ;

-муовини Раиси шаҳри Душанбе –  аъзои Комиссияи байниидоравӣ.

Маҷлисҳои Комиссияи байниидоравӣ аз  рўи зарурият,  вале  на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд.  Комиссияи байниидоравӣ салоҳияти ҳуқуқи қабули қарорҳоро  дар шароите, ки дар маҷлисҳои он на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссияи байниидоравӣ иштирок кунанд, дорад. Қарорҳо оид ба масъалаҳои ба салоҳияти он мансуббуда бо аксарияти оддии овозҳои аъзои дар ҷаласа  иштирокдоштаи  Комиссияи  байниидоравӣ қабул карда мешаванд.

Иҷрои қарорҳои Комиссияи байниидоравӣ,  ки дар доираи салоҳиятҳои  Низомнома пешбинишуда қабул гардидаанд, барои тамоми мақомоти ҳокимияти иҷроия,  шахсони мансабдор, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд ҳатмӣ  мебошад.

Қарорҳои Комиссияи байниидоравӣ  ба  мақомоти дахлдор  дар  шакли умумӣ  ё  иқтибос  -  аз  протоколҳои маҷлисҳои Комиссияи байниидоравӣ расонида мешаванд.

Дар  кори  Комиссияи  байниидоравӣ бо ҳуқуқи машваратӣ мумкин аст,  ки намояндагони мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, прокуратура, инчунин  комиссияҳои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳое, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият доранд, иштирок намоянд.